(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол, ки байни духтарон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, дар майдони варзишии мактаби наврасону ҷавонони шаҳр натиҷагирӣ карда шуд ва ғолибон муайян гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқа муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр дар ҳайати 6 даста бо фарогирии зиёда аз 70 нафар духтарон ширкат намуда, бо ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа ғолибиятро духтарони футболбози МТМУ №11 ба даст оварданд. Толибаҳои футболбози гимназияҳои №1 ва Гёте мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб гардиданд.

Ба ғолибон Ҷом, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии мусобиқа тақдим карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тайи солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш бахусус футбол ба таври бесобиқа рушд менамояд. Футболи кишвари мо алҳол марҳилаи ислоҳоту таҳаввулоти бунёдиро пушти сар намуда, муваффақиятҳои тозаро дар чемпионатҳои минтақавию ҷаҳон соҳиб шуда истодааст. Ташкили дастаҳои футболи духтарона аз иқдоми шоистаи масъулин дар самти рушд ин намуди варзиш арзёбӣ мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд