(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБори нахуст дар таърихи нави ҳамкорию муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди вилояти Суғд автомашинаҳои ширкати ҶДММ “Мушовир” ва ширкати сайёҳии «Бибитур» ба самти шаҳрҳои Ӯзбекистону Қазоқистон хизматрасонии мусофиркашонии қулаю дастрасро ба роҳ монданд.

Бино ба иттилои масъулин дар ихтиёри ширкати “Мушовир” беш аз 200 адад автомошинаҳои сабукрави муосир аъзо буда, ҳамагон дар дилхоҳ вақт ба самтҳои гуногуни шаҳрҳои кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қазоқистон хизматрасонӣ менамоянд.

Арзиши хизматрасонӣ аз ҳисоби масофаи ҳаракат муайян гардида, бо пули милллӣ ҳисобӣ карда мешавад. Алҳол арзиши як километри ҳаракат 1 сомонию 80 дирам муайян шудааст. Дар ихтиёри ширкат автомашинаҳои дорои хизматрасонии оддӣ, тиҷоратӣ ва олӣ қарор дорад.

Роҳбарияти ширкати “Бибитур” аз ташкили чунин сайрхатҳо истиқболи гарм намуда, таъкид доштанд, ки нақлиёт қисми муҳими хизматрасонии сайёҳӣ мебошад. Аҳамияти умдаи ин иқдом дар он аст, ки сайёҳон аз истифодаи сифатноки хизматрасонии нақлиётӣ бархурдор мегарданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ширкати “Мушовир” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди кишварҳои ҳамсоя вобаста ба самти ҳаракат замимаҳои мобилиро ба роҳ мондаанд, ки оид ба нархи роҳкиро ва масири ҳаракат маълумот дода мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд