(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз беш аз 20 000 нафар нафар шаҳрвандони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва рушди босуботи давлатдорӣ аз Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуданд.

Нахуст аз ду ҷониби хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд то майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бо парафшонии Парчамҳои миллӣ ва шиору овезаҳо роҳпаймоии ҷавонон сурат гирифт.

Дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ, ки дар майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла қайд шудааст: «Парчам яке аз рукнҳои муҳими давлатдории мо, рамзи ҳаёти осоишта, муттаҳидӣ ва ҳувияти миллӣ буда, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ василаи тарбия дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Парчам мояи ифтихори миллӣ ва арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватанӣ башорат медиҳад. Ин рукни муҳими давлатдорӣ моро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд".

Таъкид шуд, ки афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба расмият шинохтани давлатҳои дунё эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Он моро муттаҳид сохт ва барои ба даврони нави таърихӣ - ҳазораи сеюм бо қадами сулҳ ворид гардидан мусоидат намуд. Халқи соҳибтамаддуни мо зери ливои сулҳу ваҳдат - Парчами давлатӣ раванди бунёдкориву созандагиро оғоз намуда, дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона устуворона қадам мениҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Баъди қабули Парчам миллати мо онро ҳамчун ливои озодиву истиқлол ва воситаи сарҷамъиву ба ҳам омадан ба даст гирифта, давлати ҷавони худро аз вартаи ҳалокат ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшид ва дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз таҳия ва қабули Парчам нишони азму иродаи устувори мардум барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ободии кишварамон гардид.

Зикр гардид, ки дар рӯзҳои таърихӣ қабул гардидани Парчами давлатӣ тавонист, эҳсоси гарми ватандориро дар кошонаи қалби ҳар фарди соҳибдил бедор созад ва моро ба фардои дурахшон раҳнамоӣ намояд. Мардуми шарифу сарбаланди мо, бахусус насли ояндасози миллат, бояд аз Парчами давлати худ ифтихор кунанд ва онро чун рамзи пойдориву бақои мамлакат эҳтиром намоянд.

Сипас барномаи фарҳангии тараннумгари ватандӯстиву хештаншиносӣ табъи иштирокдоронро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд