(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Омӯзгорон шароити манзили худро беҳтар менамоянд.Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд маросими тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба 36 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёна, миёнаю махсус ва олӣ баргузор гашт.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чорабиниро оғоз намуда, қайд намуд, ки муофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади дастгирии омӯзгорони ҷавон ва собиқадорони соҳа, ки барои беҳтар намудани шароити манзилашон дар навбатанд, замини наздиҳавлигӣ тақсим карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ин амалро яке аз тадбирҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва ҳавасманд намудани ҷавонони болаёқат ба касби омӯзгорӣ номид. Дар баробари ин Раиси вилояти Суғд илова намуд, ки сертификати замин барои соҳиби қитъаи заминшудагон ройгон дода мешавад.
«Ҳоло яке аз нақшаҳои, ки мо амалӣ намуданӣ ҳастем, ин зиёд намудани масоҳати шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби заминҳои қаламрави шаҳру ноҳияҳои атрофии маркази вилоят буда, он барои беҳтар намудани шароити манзили сокинони вилояти Суғд мусоидат хоҳад кард. Минбаъд хонаҳои бунёдшаванда бояд ҷавобгӯи талаботи на танҳо имрӯза, балки насли оянда ҳам бошад»-иброз дошт Абдураҳмон Қодирӣ.
Сипас омӯзгорони ҷавону собиқадор аз тариқи қуръакашӣ макони ҷойгиршавии қитъаҳои замини худро муқаррар намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки лоиҳаҳои беҳтаринро барои бунёди манзил ба омӯзгорон ройгон пешниҳод намоянд.
Санаи 30 апрели соли равон мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо омузгорони вилоят пешбинӣ шудааст.