(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба ифтихори «Рўзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон бахту рўзгори обод, зиндагии пурсаодат ва ба Ватани маҳбубу соҳибихтиёрамон пешрафт ва осмони софу беғуборро таманно менамоям.

Воқеан ҳам Парчами мо ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола таҷлил гардидани Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаландамон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ гашта, он метавонад дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми кўҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Боиси шарафмандии мост, ки имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад, ки ин барҳақ мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Бо назардошти ин ва инчунин гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии ҷавонон, тибқи дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвари азизамон бунёди майдони Парчами давлатӣ ва Нишони миллӣ ба ҳукми анъана даромада, дар шаҳри Хуҷанд низ майдони Парчами давлатӣ ҳанўз соли 2014 мавриди ифтитоҳ қарор дода шуда буд.

Ҳар фарде, ки имрўз назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рў, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ўро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят кунад. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Бо шарофати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳаматарафаи Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода хуҷандиёни меҳнатқарину ватандўст имрўз бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва фазои орому осуда зери Парчами Ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон бо меҳнати дастҷамъонаву самараовари худ ба шукуфоии кишвар ва фардои дурахшони Ватани азизамон саҳмгузорӣ карда меоянд. Ин таҷассуми дастгирии сиёсати ояндасози давлату ҳукумат ва ғояҳои дурандешонаи Сардори давлат аз ҷониби кулли сокинони мамлакат аст.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари Хуҷандшаҳр аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, баҳри пешрафт ва ободониву шукуфоии кишвари азизамон саҳми босазои худро мегузоранд.

Бори дигар Шумо, ҳамдиёрони азизро бо таҷлили ҷашни муқаддас Рўзи Парчами давлатӣ сидқан муборакбод намуда, бароятон тандурустиву хонаободӣ, осудагиву рўзгори фаровон ва дар кори ободиву созандагии Ватани азизамон пешравию пирўзиҳо орзумандам.

Бигузор Парчами давлатии Тоҷикистони азизу соҳиб-истиқлоламон то абад пояндаву парафшон бод!