(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt«Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад». Эмомалӣ Раҳмон

Парчам мояи ифтихори миллӣ буда, ба ҳайси арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он башорат аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватании мост. Ин рукни муҳими давлатдорӣ моро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд.

Афрохта гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба расмият шинохтани давлатҳои дунё эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Он моро муттаҳид сохт ва барои ба даврони нави таърихӣ, ҳазораи сеюм бо қадами сулҳ ворид гардидан мусоидат намуд.

Имрўз мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шудааст. Зимни радабандии оид ба амнияти кишварҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати амнтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон гирифтааст.

Парчами давлатии мо аз истиқлолияти комили давлатдории мо, нуфузи баланди хориҷии он, дастоварду пешрафти халқамон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ башорат медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Оини парчамдорӣ таърихи тўлонӣ дорад. Он аз замонҳои қадим нишони ҳастии давлат ва рамзи давлатдориро ифода мекард. Халқи тоҷик ҳанўз аз замонҳои қадим аз даврони шоҳони Пешдодӣ то асрҳои минбаъда соҳиби парчам буд. Охирин парчами тоинқилобии Аморати Бухоро аз моҳу ситора иборат буд. Парчам рўҳи тавоно ва шикастнопазири халқи тоҷикро ифода мекард. Ҳатто солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷанговарони фидоии роҳи озодии ватан парчамро муқаддас мешумориданд.

Парчам рамзи муҳими давлати соҳибистиқлоли мо, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат ва ифтихори миллӣ мебошад. Таърихи навини давлатдории тоҷикон гувоҳи он аст, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ барои дарки амиқи ѓояҳои олии марбут ба ҳувияти миллии мардум нақши муассир дорад.

Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад. Дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвари мо бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд.

Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд».

Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши рамзҳои давлатиро ба инобат гирифта, мақоми онро дар Конститутсия муайян намудааст, ки идомаи анъанаҳои солҳои пешин аст. Дар Конститутсияи солҳои 1937 ва 1978 дар фасл ва боби алоҳида рамзҳои давлатӣ аз ҷумла, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пойтахти Тоҷикистон муайян гардида буд. Дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Ин шаҳодат аз он аст, ки Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик аст. Ҳамчунин, дар моддаи 57-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол зери Парчами давлатӣ ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Парчами давлатӣ раҳнамову илҳомбахши мо буда, ҷиҳати татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегӣ, боло бурдани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва роҳандозӣ гардидани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

Азиза Ниёзова
котиб-коргузори
кафедраи муносибатҳои
байналхалқии ДДҲБСТ