(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои глобалии замони муосир ба шумор рафта, он сабаби дар гӯшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ бинобар боришоти кам ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обию табиии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти андешидани тадбирҳои муҳим ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳанӯз соли 2003 Тоҷикистон «Нақшаи миллии амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро таҳия ва тасдиқ кард, ки он дар робита ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим афзалиятҳои асосиро муайян менамояд.

Кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам ҳамчун давлати ташаббускор нисбат ба масъалаҳои экологии сайёра шинохтаву эътироф шудааст. Ҷониби Тоҷикистон, бо вуҷуди дар саргаҳи манбаъҳои обҳои минтақавӣ қарор доштанаш борҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯшрас менамояд, ки манфиатдори истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои обии минтақа, ҳамчунин ҳифзи муҳити зисти он мебошад.

Суханрониҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи ҳифзу беҳдошти муҳити зист аз иқдомоти наҷиб ва саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим, инчунин ҳифзи муҳити зист мебошад.

Пешвои миллат зимни суханрониҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ борҳо ҷомеаи ҷаҳонро барои пешгирӣ ва мутобиқгардонии бахшҳои мухталифи муҳити табиӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим, хусусан ҳифзи муҳити зист аз газҳои гулхонаӣ даъват намудаанд. Воқеан ҳам олудагии муҳити зист аз таъсири партовҳои газҳои гулхонаӣ ба саломатии инсонҳо таъсири манфӣ расонида, боиси зуҳури бемориҳои гуногун, ба мисли диққи нафас, сактаи қалб, чашм, касалиҳои пӯст, рӯдаю меъда ва асаб мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таклифҳои муҳиму саривақтӣ ироа гардидаанд. Дар иртибот ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 зимни суханронӣ дар Саммити Париж, ки оид ба истифодаи захираҳои об, норасоии имконот нисбат ба ҷилавгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ ва дар маҷмӯъ, ба мушкилоти тағйирёбии иқлим доир гардид, таъкид намуда буданд, ки «ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд».

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, сухан намуда зикр доштанд, ки «бинобар тағйирёбии иқлим шумораи офатҳои табиӣ дар даҳҳо кишварҳои олам рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва на ҳамаи онҳо қодиранд тадбирҳои заруриро ҷиҳати ҳифз аз онҳо андешанд».

Мусаллам аст, ки наваду се фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад, бинобар хусусиятҳои ҷуғрофии худ дар рӯ ба рӯйи пайомадҳои харобиовари офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Ҳамасола дар кишвар офатҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла, вобаста ба об рух медиҳанд, ки ба иқтисоди миллӣ ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, сабабгори талафоти ҷонӣ мегарданд.

Инчунин Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дахли масоили тағйирёбии иқлим таъкид карданд, ки раванди тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Ва ин дар ҳолест, ки имкониятҳои Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи иқтидорҳои саноатӣ – яке аз манбаъҳои асосии партови газҳои зарарнок ба ҳаво чандон зиёд нестанд ва 98 фоизи энергияи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ – манбаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад. Айни замон 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Яъне идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад.

2 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Париж дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд. Бо дарназардошти нақши назарраси Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар масъалаи об ва пайваста матраҳ намудани мавзӯи тағйирёбии иқлим дар чорабиниҳои байналмилалӣ, хосатан дар Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари ташаббускор дар ҷаласаи “Тағйирёбии иқлим” бо пешниҳодҳои нав сухан гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он имрӯзҳо яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб рафта, таъсири манфии он ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад.

Хулоса, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии ҳалли масъалаҳои экологии ҷаҳон буда, бо пешниҳодоти мушаххаси худ дар ҳалли бӯҳронии экологии сайёра саҳми муносиб гузошта меоянд.

Азиз Дӯсматов,
сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти
шаҳри Хуҷанд