(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки сӯзонидани баргҳои дарахтон ва дигар партовҳо қатъиян манъ буда, он ба саломатии инсон осеби ҷиддӣ мерасонад.

Ин амал, бахусус гирифторони бемориҳои қалб ва шушро азият, ба саломатии кӯдакон зиёни бештар мерасонад. Бино ба иттилоъи табибон сӯзонидани барги дарахт ба зиёда аз 20 узви инсон хатарҳои ҷиддӣ мерасонад.

Ҳамзамон нафаскашӣ аз барги сӯзонидашуда метавонад ба дарди сар, гум шудани ҳуш, шиддати бемориҳои роҳи нафас ва ғайраҳо оварда расонад.

Қонунгузор барои чунин кирдор ҷавобгариро ба андозаи то 11 000 сомонӣ пешбинӣ намудааст.

Он нафаре, ки табиатро дӯст медорад, набояд ба ин амал даст занад!

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти
шаҳри Хуҷанд