(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор истиқбол намудани ин санаи муҳими таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузории як қатор чорабиниҳои илмиву адабӣ, оммавӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ дар мавзӯи "Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан" ва "Пешвои миллат ва шинохти манзалати чеҳраҳои мондагори таърихи тоҷикон", озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи "Пешвои муаззами мо" дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят, ташкили чорабиниҳои варзишӣ дар байни дастаҳои варзишии кумитаи маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон дар назар аст, ки дар варзишгоҳҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва қасрҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоятт чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва барномаҳои консертӣ баргузор гардад. Ҷоиз ба зикр аст, ки ба ин муносибат санаи 16-уми ноябр соати 11:00 дар «Қасри варзиш» мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ-до барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз соати 15:00 дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳр маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва фаъолони шаҳр сурат мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд