(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 дар МТТ №32-и шаҳри Хуҷанд машғулияти кушод бо забони русӣ таҳти унвони «Шиносоӣ бо муҳит: Файзи тирамоҳ» бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, маъмурияти кӯдакистон ва мураббиёну тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Кӯдакон бо шеъру суруд ва таронаҳои дилчасп таасуроти хешро доир ба файзу баракаоти тирамоҳи заррин баён доштанд.

Аз тарафи тарбиягирандагони ин муассисаи таълимӣ саҳначаи ҷолибе доир ба ҳосилғундорӣ бо иштироки деҳқон бо маҳорати баланд намоиш дода шуд.

Зикр гардид, ки тирамоҳ ҷамъбаст ва подоши ҳама ҳунарҳову заҳматҳои инсонҳо, аз ҷумла марди деҳқон аст. Тирамоҳ фаслест, ки анборҳою дилҳоро пур мекунад. Инсон ҳосили коштаи худро медаравад, ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ. Беҳуда нест, ки яке аз ҷашнҳои фархундаи мардуми тоҷик “Меҳргон” маҳз дар анҷоми тирамоҳ сурат мегирад. Ва ҷашни ҷамъбасти кишту кору анҷоми ҳосилғундорӣ, ҷашни сериву пурӣ ва сарбаландии мардуми заҳматкаш аст. Тирамоҳ фасли манзараҳоест дилрабову мафтункунанда, ки бевосита ба эҳсосоти одамҳо таъсир мекунад. Тирамоҳ таҷассуми тамоми рангҳо, тасвирҳо, манзараҳоест, ки бузургтарин рассом –табиат онро эҷод кардааст.

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба сифати баргузории машғулиятҳо баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр доштанд, ки баҳри рушди забондонии кӯдакон чунин машғулиятҳои кушод минбаъд низ дар мавзуъҳои мухталиф ташкил ва гузаронида шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд