(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Иштирокчии ҶБВ, собиқадори ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд Қориҷон Ахмедов дар синни 98 солагӣ ин оламро падруд гуфт.

Марҳум ҳанӯз дар 18-солагӣ, санаи 19-уми ноябри соли 1942 баробари ҳазорҳо нафар Тоҷикистониён ба Фронт сафарбар шуда буд. Дар майдони ҷанг борҳо ҷароҳат бардошта, дар госпиталҳои ҳарбӣ табобат гирифтааст.

Дар муҳорибаҳои пуршиддати Сталинград иштирок карда, ярадор гардида, баъди барқарор намудани саломатиаш муҳорибаро бо фашистони ғаддор идома дода, дар озодкунии шаҳрҳои Киев, Житомир, ҷумҳуриҳои Чехословакия Полша, Австрия иштирок намудааст.

Қориҷон Ахмедов то дами вопасини умр борҳо мавриди аёдати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта буд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ як зан-иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст, ки Малина Рабича ном дорад. Аз миёни мардон охирон иштирокчии ҶБВ солҳои 1941-1945 аз шаҳри Хуҷанд ин Қориҷон Ахмедов буд.

Бояд қайд намуд, ки дар солҳои ҶБВ аз шаҳри Хуҷанд 12 000 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 1540 нафарашон беному нишон гаштаанд. 2 нафар Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва ду нафар дорандагони ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» аз шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба аҳли пайвандони марҳум Қориҷон Ахмедов арзи тасаллияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро расонд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд