(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тамошои якҷояи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ.Имрӯз дар тамоми корхонаю муассисаҳо ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташон тамошои якҷояи Паёми Роезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт. Ҳамзамон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муовинони Раиси шаҳри Хучанд, кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳр,сарварони идораю сохторҳои маркази вилоят ҷамъ омада, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо таваҷҷӯҳ тамошо намуданд. Баъди анҷоми паём муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов қайд намуд, ки мувофиқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода масъулини соҳаҳо бояд барномаҳои корӣ ва нақшаҳои фаъолияти худро вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳия намоянд.