(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Аз санаи 27-уми октябр то санаи 3-юми ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки дар он чор нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, ғолибият ба даст оварданд.

Дар ин олимпиада хонандагони муассисаи таълимии ғайридавлатии "Гулчини маърифат" Ҷаҳонгир Ҷӯраев ва Манучеҳр Турсунов сазовори медалҳои тилло шуданд. Толибаи синфи 10-и литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Фараҳноз низ дар ин озмун соҳиби медали тилло шуд. Муҳассили синфи 9-и МТМУ №2 Шаҳзода Ваҳҳобова сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ғолибонро дар майдони назди Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Муҳайё Акмалхӯҷаева мудири шуъбаи маорифи шаҳр, маъмурият ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии номбурда самимона пешвоз гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд