(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Санаи 1-уми ноябри соли равон, тахминан соати 10:10 дақиқа шаҳрванд Қ.Л. ҷавонзани 22 сола сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров, бо мақсади худкушӣ худро аз болои купруки кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир партофтааст.

Бо воқиф шудан аз ҳолати мазкур старшинаи милитсия Одиназода Ҷобир Латиф милитсионери ротаи хадамоти посбони пайраҳадории милитсияи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт аз худ ҳушёриву ҷасорат нишон дода худро ба об андохта зани қасди худкушӣ доштаро дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи «Суғдиён» (собиқ меҳмонхонаи Ленинобод) наҷот медиҳад. Амали саривақтии милитсионер боис шуд, ки дар лаҳзаҳои барои ҳаёту саломати ҳалкунанда ҳаёти як инсон ҳифз карда шавад.

Старшинаи милитсия Ҷобир Одиназода 31 сол дошта баъди адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти кориашро аз моҳи декабри соли 2010 аз ХД «Муҳофиза»-и ШВКД дар шаҳри Гулистон оғоз намуда, айни ҳол дар ШВКД дар шаҳри Хуҷанд идома дода истодааст. Маълумоташ олии ҳуқуқуқшиносӣ соли 2016 ғоибона Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.

Барои ғайрату матонат нишондодан милитсионери қатори Одиназода Ҷобир Латиф “Бо медали далери” аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд