(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб интернатҳо, хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда, комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобино, бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо чорабиниҳои идона баргузор карда шуд.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд дар ин рӯз дар муассисаҳои иҷтимоии номбурда, аз ҷумла дар муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №26-и кӯдаконаи имконияташ маҳдуд ва ношунавои шаҳр чорабиниҳои идона баргузор, дастархони идона густурда ва ва бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд табрикотро бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи бошандагон ва тарбиятгирандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ расониданд.

Таъкид шуд, ки Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.

Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар масири ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи фарҳангсолори тоҷик расид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд