(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ таҳти унвони "Тирамоҳи зарнисор" бахшида ба Иди Меҳргон баргузор гардид. Хонандагони синфҳои ибтидоии ин муассисаи таълимӣ шеъру суруд дар васфи иди аҷдодии тоҷикон-Меҳргон хонда, саҳначаи ҷолиберо дар ин мавзуъ манзури ҳамагон гардониданд. Рақсҳои ҷолиб табъи ҳамагонро болида намуд.

Таъкид гардид, ки Меҳргон ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дўстию рафоқат ва меҳр ба инсон. Ҷашни ҷамъоварии ҳосили кишту кор ва натиҷаи заҳмати пурбори марди деҳқон мебошад. Пас аз Истиқлоли Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Наврўз, Меҳргон ва Сада таваҷҷуҳ намуда, барои эҳёи дубораи онҳо бо қарору фармонҳои расмии давлатӣ шароит муҳайё сохтаанд. Ҳамин муҳаббат ба миллат ва давлат буд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашни Меҳргон умри дубора гирифта, сол то сол мақбултар таҷлил мегардад.

Директори гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд Замира Алиева чорабиниро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, гузаштагон онро бо шукӯҳу шаҳомат ва бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт. Нишонаи суннатии Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимоя меёфт ва гоҳ-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросими мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд