(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбари намояндагии “Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ”-ро пазируфт.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода раиси Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнии Чумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмаҳди Ибодиро ба ҳузур пазируфт. Раҷаббой Аҳмадзода доири ҳамкории густардаи Дафтари намояндагӣ дар вилояти Суғд бо ташкилоту идораҳои шаҳри Хуҷанд дар самти касбомӯзӣ, ҷалби духтарон ба ҳунармандӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, сухан ронда, аз натиҷаҳои судманди он ба Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнӣ изҳори спосмандӣ ва қаноатмандии худро баён намуд.
Дар ҳафт соли фаъолияти ин ниҳод то имрӯз 26 маркази касбомузӣ барои хоҳишмандон касбу ҳунарҳои мардумӣ ва муосирро меомӯзад. То имрӯз 600 нафари синну соли гуногун онро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи ихтисосӣ шуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбари намояндагии “Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ”-ро пазируфт.Лозим ба қайд аст, ки таваҷҷуҳи ин марказ бештар барои соҳибихтисос намудани шахсони бешуғл, хонашин ва бе ихтисос равона карда шудааст.
Дар вохурӣ Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, ки ширкат дошт, изҳор намуд, ки ду сол қабл дар маркази вилояти Суғд ҳамоиши байналмиллалии “Шеъри ҳимоят” баргузор гашта буд. Алҳол Дафтари намояндагии Имом Ҳумайнӣ омода аст, барои бори дигар баргузор намудани ин ҳамоиш дар шаҳри Хуҷанд, ки аз ҷониби шоираи маҳбуб Фарзона пешниҳод шуда буд, мусоидат намояд.
Раиси шаҳри Хуҷанд омодагии Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро барои фароҳам овардани шароиту имконият барои ин ҳамоиши байналмиллатӣ, изҳор намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки доири ин мавзуъ чораҳои лозимаро меандешанд.