(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ман, Мунира Азизова, хонандаи синфи 10-уми Муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти умумии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд аз номи тамоми духтарони шаҳр ба кулли писарони диёри азизам муроҷиат мекунам:

Шумо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, адои хизмат кунед, зеро шумо - писарҳо нигаҳбони модарон, кўдакон ва мо духтарон ҳастед.

Агар имконият даст медод, ман низ барои ҳимояи Ватани азизам хизмат менамудам. Имрўз ҳимояи марзу буми ватани мо ба умеди кист? Кӣ ин хоки муқаддаси моро, ин сарзамини офтобиамонро нигаҳбонӣ мекунад?

Ба ин савол посух чунин аст: албатта шумо бародарони азиз! Ҳама ба сўйи шумо бо умед менигарад. Ҳар ҷавонписаре, ки дар дил заррае ғурури ватандўстиву мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дошта бошад, имрўз дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ набояд худро канор гирад.

Зи ишқи ватан ҷўш дорад дилам,

Ба ҳарфи ватан гўш дорад дилам,

Ватанро бинозам маро дар канор

Чу модар гирифту намуд бахтиёр.

Мо духтарон, имрўз аз он хушбахтем, ки дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони озоду ором зиндагӣ ба сар дорем. Ин ҳама хотирҷамъиву осудагии сокинони кишвари мо ба шарофати заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вазифаи мо – ҷавонон аз он иборат аст, ки хубу аъло таҳсил намуда, ба хизмати Модар -Ватан ҳамеша омода бошем. Боиси хотирҷамъии модарону хоҳарон маҳз шумо, муҳофизони Ватан мардону писарони шуҷоъ ҳастед. Шумо саробони Ватанед. Ҳизмат ба ватан қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати ҷавонмардии шумоён мебошад. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшанӣ, эҳсоси ватандорӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Аз ин рў, мо ҳама ба умеди шумоён, ҷавонмардони ғаюру тавонои Ватан ҳастем». Албатта ин гуна муроҷиат дили ҳар нафари ватанхоҳро ба ваҷд меоварад ва ўро водор месозад, ки ҳар лаҳза омодаи дифои Ватан бошад.

Бале, вақте давлату ҳукумат шароити хизмат ва маишати хизматчиёни ҳарбиро сад дар сад омода месозад, вақте ҷавонписарон дар курсҳои ронандагии Мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд ба тариқи ройгон таҳсил мекунанд, вақте амнияти ҳар хизматчии ҳарбӣ таъмин аст, вақте ғизои хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша зери назорат аст, вақте бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр волидайн ба дидорбинии аскарбачаашон мераванд, чаро аз хизмат саркашӣ бояд? Не. Ба қавли сухани Пешвои миллатамон ватанамонро мо худамон соҳибӣ мекунем, худамон марзу бумашро ҳимоят мекунем ва тинҷиву оромӣ, осмони софу беғубор, шодии модарону кўдаконро пойдор месозем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд