(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Аз санаи 22 то санаи 26 октябри соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 – шаҳри Хуҷанд ва мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «Омӯзгорони ҷавони сол» баргузор гардид ва Муъминҷон Иброҳимов омӯзгор аз литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд шарафи ғолибиятро дар ин озмун ба даст овард.

Дар озмуни мазкур омӯзгорони ҷавони ғолиб аз 16 шаҳру навоҳии вилоят аз рӯи шартҳои дарси намунавӣ, тартиб додани нақшаи дарсӣ, санҷиши дониши назариявӣ, мизи мудаввар, ҳолатҳои педагогӣ – равонӣ, кор бо компютер ва таҳтаи электронӣ бо ҳам рақобат намуданд.

Омӯзгорони ҷавони шаҳру навоҳии Хуҷанд (Ибрагимов Муъминҷон, омӯзгори литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон), Бобоҷон Ғафуров (Ҷӯраева Шаҳло, омӯзгори МТМУ №10), Бӯстон (Шоҳнасратова Надима, омӯзгори МТМУ № 3), Исфара (Қаҳҳоров Абдурасул, омӯзгори МТМУ №68), Конибодом (Мирзозода Гулмира, омӯзгори гимназияи №1), Деваштич (Турсунбоева Саноат, омӯзгори МТМУ №51), Спитамен ( Назирбобоева Заррина, омӯзгори МТМУ№27), Панҷакент (Саидмуродзода Тоҷинисо, омӯзгори МТМУ №3) аз худ маҳорати баланди истеъдод нишон дода, дар натиҷаи баҳогузории ҳакамот Муъминҷон Иброҳимов омӯзгор аз литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ғолиби озмуни «Омӯзгори ҷавони сол» муайян гардид.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли сеюм аст, ки бо мақсади ҳавасмандии омӯзгорони ҷавон, дарёфти соҳисистеъдодҳо баргузор мегардад.

Ҷоиз ба зикр кард, чанде қабл дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори ҷавони сол» баргузор гардид, ки дар он 4 нафар ғолибони даври ниҳоӣ иштирок намуда, маҳорати педагогии худро аз рӯйи шартҳои озмун ба ҳайати ҳакамот манзур намуданд.

Нахуст довталабони озмун: Фарангис Баҳодурова, омӯзгори МТМУ №27, Меҳринисо Оқилова муаллимаи МТМУ №10, Баҳоралӣ Умаров аз мактаби хусусии «Паймони азизон», Муъминҷон Иброҳимов аз литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дастовардҳои меҳнатии худро зимни таълиму тадрис ба доварон пешниҳод намуданд. Сипас аз рӯйи шартҳои озмун маҳорати хешро нишон доданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар даври аввали озмун довталабон аз рӯйи шартҳои кор бо компутер ва тахтаи электронӣ, дарси намунавӣ аз рӯйи ихтисос, тартиб додани нақшаи тематикӣ, ташкили мизи мудаввар дар мавзуъи рӯзмарраи соҳаи маориф ва саволҳои сиёсӣ дониши хешро санҷиданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамот мақоми аввалро Муъминҷон Иброҳимов аз литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, ҷойҳои дуюмро Фарангис Баҳодурова, омӯзгори МТМУ №27 ва Баҳоралӣ Умаров аз мактаби хусусии «Паймони азизон» ба даст оварданд. Меҳринисо Оқилова муаллимаи МТМУ №10 мақоми сеюмро соҳиб гардида буданд.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуда буд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни «Омӯзгори ҷавони сол» ҳамасола чун рамзи эҳтиром, гиромидошти садоқати бепоён ва нақши босазои омӯзгорони ҷавон дар таълиму тарбияи шоистаи насли наврас гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии озмун дарёфт ва ошкор намудани омӯзгорони ҷавони боистеъдод, эҷодкору навовар, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорати омӯзгорӣ, тартиби ҳамаҷонибаи таҷрибаи педагогии омӯзгороне мебошад, ки дар таълиму тарбияи шогирдон ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд