(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

alt Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилояти Суғд ва олимону мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат намуданд. Нахуст меҳмонон аз дастовардҳои илмию техникӣ ва таҳқиқотии донишҷӯёну олимони ҷавон шинос гардиданд.

Сипас, ҳамоиши «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон»-ро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, доир ба саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва ташаббусҳои байналмилалӣ сухан кард.

Дар бахши ифтитоҳии конференсия маърӯзаҳои илмӣ дар мавзӯҳои “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу субот, амнияти миллӣ ва сиёсатмадори ҷаҳонӣ”, “Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон аз дидгоҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”, “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – посдори таърих ва эҳёгари арзишҳои миллӣ”,“Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳадафҳои Пешвои миллат дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Пешвои миллат ва масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир” шунида шуд.

Мубодилаи афкор доир ба фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва густариши давлати навини Тоҷикистон қарор гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд