(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар утоқи корӣ менишастам. Ногоҳ дар кушода шуд. Бинам, собиқадори хизмати давлатӣ сокини маҳаллаи «Пахтакашон»-и шаҳри Хуҷанд Ғафурҷон Ғаффоров будаанд. Эшон беш аз 20 сол дар вазифаҳои мудири шўъбаҳои МИҲД-и шаҳр фаъолият бурдаанд. Баъди салому алейк мақсади омаданашонро гуфтанд:

-Ман омадам шумо дар бораи як кори хайру савобе, ки бо роҳбарии раиси шаҳрамон Маъруфҷон Муҳаммадзода шудааст, ба рўзнома нависед.

-Он чӣ кор будааст?

Акаи Абдуғаффор ба нақл сар кард:

-Дар маҳаллаи мо як оилаи басо камбизоат истиқомат мекунанд. Амри тақдир аст, ки аз 5 фарзанди ин оила ду нафарашон маҷрўҳи гурўҳи якуманд. Падари хонадон кайҳост, ки аз дунё реҳлат кардаанд. Модари хонадон беморанд. Зиндагӣ бар дўши як худи писари оила Раҳимҷон монда буд. Рўзи гузашта якбора хабар омад, ки Раҳимҷон оиладор мешудаасту маро ҳам қатори дигарон ба оши тўй хабар карданд. Андеша кардам, ки ин бечора чӣ тавр ва бо кадом пул туйи арўсӣ барпо карда бошад? Барои дарёфти посухи саволам ба чойхонаи маҳалла баромада хабар ёфтам, ки Раҳимҷони 27 сола бо дастгирии аҳли маҳалла –инсонҳои хайрхоҳу савобҷўй ва раҳнамоии Раиси шаҳрамон муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода оиладор шуда истодааст. Хурсанд шуда боз андеша кардам, ки охир аҳволи ҳавлиаш низ чандон тўйбоб набуд-ку? Маълумам гардид, ки ин ҷанбаи масъала ҳам бо дастгирии ҳаққу ҳамсояҳо ҳалли худро ёфтааст.

Аз сўҳбат бо раиси маҳалла Ҳусейнбой Азизов дарёфтам, ки дар ин кори хайр онҳоро яке аз фаъолони маҳалла Яъқубҷон Дадобоев (писари Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ўрунбой Дадобоев) пешрав шудаанд.

Яке ба хотирам расид, ки Яъқубҷон соли 2016 дар ободкунии оромгоҳи «Ёйчӣ»-и минтақаи ҷануби шаҳрамон воқеъ дар шафати фабрикаи дўзандагии шаҳр-«Зиннат» низ сарварӣ кардааст.

-Арўсро аз куҷо ёфтед,-пурсидам аз Ёқубҷон, ки дар ин муддат ў низ ба чойхонаи маҳалла барои чойхўрӣ омада буд.

-Арўсро аз деҳаи Ёва, набераи як муаллими нафақахўр будаанд.

Занони фаъоли маҳалла Норихолаю Манзурахон хостгорӣ карданду мо мардҳо рафта гапро пазондем,-гуфт Ёқубҷон.

-Ба муаллим вазъи оилаи домодшаандаро фаҳмондед,-пурсидам аз ҳамсўҳбати худ, ки дар ҷавоб гуфт:

-Фаҳмонидем. Муаллим инсони хуб будаанд, ки «ҳеҷ гап не, камбағал як рўз бой мешавад. Муҳим домод бачаи хуб бошад шуд. Болояш модари оила бемор будаанд, равад хизмат кунад, барака меёбад», гуфтанд.

Тўйи Раҳимҷон албатта хоксорона шуд. Кулли маҳалла хидмат карданд. Рўзи тўй ман хурсандии ду фарзанди оиларо, ки бо амри тақдир забонашон лол аст, дида ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Онҳо монанди кудакони хурдсол рақсу бозӣ мекарданд. Забони нигоҳашон гўё буд. Бо забони нигоҳ мегуфтанд: -«ҳазор раҳмат ба шумо инсонҳои некдилу раҳмдил. Ба шарофати шумо ба ҳавлии мо арўс омад. Хонаамон муродхона шуд».

Баъзан мегўянд, ки инсон кори хайри кардаашро набояд гўяд. Лекин дар ин гуна ҳолатҳо бояд гуфт, то ки барои дигарон дасри ибрат шавад. Дар ин кори хайру савоб, ки бо ҳидояту раҳнамоии раиси шаҳрамон Маъруфҷон Муҳаммадзода шудааст, (ба ман гуфтанд, ки ҷараёни корҳои таъмиру сохтмони ҳавлиро шахсан худашон назорат ва кумак ҳам кардаанд) инчунин дигар шахсони савобҷўй Комилҷон Оқилову Нозимҷон Юлдошев ва дигарон саҳмгузоранд. Нависед, бигзор мардум донанд, ки дунё аз одамони нек холӣ нест. Нависед, ки дар шаҳрамон дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати хайру эҳсон кардан ба мардуми камбизоат сидқидилона иҷро мешавад. Ба шарофати иҷрои ҳамин дастур хонаи як камбағал обод шуд…

М.Мақсудов