(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Дафтари матбуоти Раиси шаҳр дар чорчӯбаи Барномаи давлатӣ «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» озмуни беҳтарин мақола (рӯзнома, сомона), гузориш ва ё барномаи телевизионӣ, ролики иҷтимоӣ ва акси беҳтарин дар самти пешгирии зӯроварӣ ва ё хушунат эълон медорад.

Дар озмун тамоми рӯзноманигорон новобаста аз шакли моликият ва ҷойи кор иштирок карда метавонанд. Факту рақами мавод ҳатман воқеъӣ ва рӯзмарра бошад. Маводи озмун бояд то 1 декабри соли 2019 бо ишора ба Озмун нашр ва нусхаи он ба комиссияи озмун пешниҳод карда шавад. Озмун аз рӯйи ҳар чор номиннатсия, яъне беҳтарин мақола, гузориш, ролики тарғибот ва акси беҳтарин натиҷагирӣ карда мешавад.

Ҳадафи озмун пеш аз ҳама муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси маводҳои марбут ба мубориза алайҳи хушунат, зӯроварӣ дар оила, гендер ва инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳамзамон саривақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди қонунгузории кишвар доир ба баробарҳуқуқии зану мард, баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа, пешгирии ҳуқуқпоймолкунӣ нисбати зан, ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаби гендерӣ мебошад.

Ғолибон дар анҷоми маъракаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” даҳаи аввали моҳи декабри соли равон ҷамъбаст ва бо мукофоту Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд