(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистони то 17 сола дар Чемпионати ҷаҳон-2019 нахустин бозии гурӯҳии худро баргузор кард. Имрӯз, 29-уми октябр шогирдони Зайниддин Раҳимов дар бозии аввали гурӯҳи “Е” бо ҳамтоёни Камерунии худ неру санҷиданд. Набарди тимҳо басо ҷолибу тамошобоб сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба суди футболбозони тоҷик хотима ёфт.

Ягона голи ин бозиро аз пеналти дар дақиқаи 51-ум Шарифбек Раҳматов ба самар расонида, мунтахаби меҳанро пирӯз кард. Ногуфта намонад, ки довари Зеландӣ, бо истифода, аз видеодовар голи дуюми Тоҷикистонро бекор кард. Дар идомаи бозӣ Шӯҳрат Элмуродов бо баргаи сурх муҷозот шуда, бозибадар шуд. Ҳамин тавр футболбозони тоҷик дар бозии нахустини худ қаҳрамони Лигаи миллатҳои Африқоро мағлуб кард. Бозии дигари гурӯҳи “Е” байни тимҳои Аргентина ва Испания бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дар айни замон Тоҷикистон бо касби се имтиёз пешсафи гурӯҳи “Е” ба ҳисоб меравад. Дар бозии дуюми гурӯҳи “Е” футболбозони тоҷик рӯзи 1-уми ноябр бо тими миллии Испания неру месанҷанд.

Ин пирӯзии таърихӣ ба кӯли шаҳрвандони Тоҷикистон муборак бошад.

Ҷоми ҷаҳон-2019 U-17 Марҳилаи гурӯҳӣ Гурӯҳи “Е” Тоҷикистон – Камерун – 1:0

Гол: Шарифбек Раҳматов 51 (пеналти).

Аргентина – Испания – 0:0