(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Натиҷаҳои семохаи аввали соли 2014 ҷамбаст гардид.Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамбастии семоҳаи соҳаҳои мухталифи шаҳр баргузор гардид.
Маҷлисро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуд.
Дар кори маҷлис роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр, сохтору ташкилотҳои соҳавӣ, идораю муассисаҳои таълимии маркази вилоят новобаста аз шакли молкияташон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, сарварони корхонаҳои саноатӣ ва бозорҳои шаҳр ширкат намуданд.
Вобаста ба натиҷаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд дар назди ҳозирон муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброхимов баромад намуда, дар бораи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2014 маълумоти мухтасар дод. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳаҷми 112,2 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истехсол шуда, 65 корхонаҳои саноатӣ вусъати афзошро таъмин намуданд.
Дар баробари ин, нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 106,5 фоиз иҷро гардид.
Нақшаи қисми даромади буҷет 107,5 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 107,8 фоиз иҷро шуд.
Соли 2014, соли роҳҳои обод ва соли гулзоркунию ободкорӣ эълон шудааст. Тибқи нақша дар миқёси шаҳр 2 миллион гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинонда мешаванд. Ҳамзамон барои вусъати тоза бахшидан ба корҳои мумфаршкунӣ идораҳои марбута барои иҷроиши нақша шуруъ намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири сатҳи иҷроиши нақшаи даъвати баҳорона, гулзоркунии кучаю хиёбонҳои шаҳр ва назди биноҳои маъмурӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ба тартиб даровардани бозорҳои шаҳр, танзиму назорати нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозор, таҳлили маълумоти омории корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси комиссияи корӣ барои муайян намудани манбаҳои нави андозбандӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дод. Мавсуф қайд намуд, ки то ҳол захираҳои мавҷуда дар ин самт, ба таври мукаммал таҳлил нагардидаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки тибқи нақшаи таҳиянамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бояд то интиҳои сол 20 корхонаҳои хурду миёна, 20 майдончаҳои варзишӣ, толорхои варзишӣ дар мактабҳои миёна сохта ба истифода дода мешаванд.
Чароғонкунии хиёбони Исмоили Сомонӣ аз даромадгоҳи шаҳр то оғози кӯчаи Гагарин идома дода хоҳад шуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба роҳбарони идораю ташкилотҳои ҳифзи иҷтимоӣ,т сохтмонӣ ва шаҳрсозӣ таъкид намуд,ки доири татбиқи лоиҳаҳои нави сохтмонӣ ва шаҳрсозӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Бо вазифагузориҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолон кори худро хотима дод.