(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

alt Дар муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд семинар-машварат дар мавзӯи “Роҳҳои самаранок истифода бурдани технологияи муосир дар соҳаи маориф” баргузор гардид.

Семинар-машваратро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро хайрамақдам гуфт. Дар бораи зарурати баргузории чунин семинарҳо ва омӯзиши амиқи технологияҳои муосир муовини сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов ибрози андеша кард.

Тибқи нақшаи баргузории семинар-машварат директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Киромиддин Назаров дар мавзӯи “Мақсад, вазифа ва самтҳои асосии “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки вобаста ба барномаи мазкур нақша-чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, барои иҷроиш ба раёсат, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастрас карда шудааст. Марказ тасмим гирифтааст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии кишваркурсҳои омӯзишии истифодабарии технологияи муосирро барои баланд бардоштани донишу малакаи техникии омӯзгорон ва хонандагон ба роҳ монад.

Системаи муосири таҳсилоти миёна ва касбии олӣ ҳамеша ташаккул ва тарақиётро тақозо менамояд. Ҳамарӯза дар замони муосир талаботи нисбат ба таълиму тарбия, истифодаи технологияи нав ва воситаҳои муосири таълимӣ дар ҷараёни дарс бештар гардида истодааст. Дар замони бозоргонӣ нисбат ба муттахасисон низ талаботи бозори меҳнат тағйир ёфта, аз кадрҳои нав ҳамқадами замон будан низ талаб карда мешавад. Ин гуфтаҳоро метавон дар донистани якчанд забонҳои хориҷӣ, технологияи муосири иттилоотӣ, компютеру интернет маънидод намуд. Ҳамаи ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар баробари толибилмон омӯзгорон низ бояд пешсаф бошанд. Ҳамеша дар паи ҷустуҷӯи маводҳои нави таълимӣ буда, аз сарчашмаҳои гуногуни муосир маълумот дода тавонанд. Баъдан дар қисмати аввали рӯз маърӯзаҳои сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Набиҷон Ғаниев дар мавзӯи “Саводнокии баланди иттилоотӣ-коммуникативӣ дар пешрафти ҷамъият”, сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии шаҳри Хуҷанд Муҳайё Ғафурова оид ба “Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд” ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд Шавкат Рустамов перомуни “Инноватсия ва технологияи муосир дар такмил додани маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф” шунида, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Сипас дар идомаи семинар-машварат директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи шаҳри Конибодом Шодмонҷон Низомиддинова дар мавзӯи “Дастовард, мушкилот ва дурнамои рушди фаъолияти Марказ”, директори литсейи №1 ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд Моҳира Азимова оид ба “Усул ва методи назорат ба раванди таълим бо истифода аз таҷҳизоти технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ” баромад намуданд.

Ҳамчунин директори Маркази ТИК-и назди раёсати маорифи вилояти Суғд Юсуфҷон Домуллоҷонов зимни суханронии хеш перомуни беҳтар намудани сифати таълим тавассути истифодабарии технологияҳои муосир фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.

Иштирокчиён семинар-машварат байни ҳам мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои худро барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълими технологияҳои муосир баён доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд