(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи сипаришуда бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси Кумиҷроия Наим Маликисломӣ зиёда аз 50 нафар бонувону ҷавонони фаъоли ҳизб бо мақсади кӯмак ба марди деҳқон дар ғунучини пахта озими хоҷагии деҳқонии «Раҳмон Набиев»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шуданд. Онҳо ғайратмандона паҳлӯ ба паҳлӯи саҳмдорон истода дар афзуннамои хирмани пахта кӯмак намуданд. Дар вақти нисфирӯзӣ бо деҳқонон суҳбати гарму самимӣ ороста хотири онҳоро шод намуданд.

Таъкид гардид, ки пахта боигарии асосии кишварамон маҳсуб шуда, солҳои охир ҷиҳати афзун намудани истеҳсолоти он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳа таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон фароҳам овард, ки замин соҳиби аслии худро пайдо намояд. Маҳз чунин тадбир кишоварзонро ба замин дубора дилгарм намуд. Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст ва бо истифода аз ҳавои мусоиди офтобии тирамоҳӣ саҳмдорнон мекӯшанд, ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи худро сари вақт ва беталаф ғунучин кунанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд