(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Халқи тоҷик аз азал ватандӯсту меҳанпараст буду мемонад. Махсусан, ҷавонони тоҷик ҳисси баланди ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббату садоқат ба меҳани худ доранд. Ҳар ҷавонмарди синни аз ҳаждаҳ боло аллакай ҳимоятгари оилаи худ, дӯстону ҳамсолони худ, маҳалли худ, зодгоҳу давлати худ мегардад. Ҷисму рӯҳи қавии ҳар ҷавонмард аз поктинатию бовиҷдонии ӯ, аз ғурури баланди миллӣ доштанаш гувоҳӣ медиҳад. Чун ба ҷавонони ин синну сол менигарем, яқин боварӣ ҳосил мекунем, ки дар ҳақиқат ватанамон ҷавонони шуҷоъ, ҷасур ва бонанг дорад.

Илова бар ин, бо итмоми комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азизу муқаддаси моро ҷавонону мардони бовиқор нигаҳ медоранду пойи душман ҳеҷ гоҳ ба кишвари биҳиштосою сулҳпарварамон нахоҳад расид. Аз он ифтихор дорем, ки волидайни нексиришт фарзандони паҳлавону қавиирода, нотарсу далер ва шуҷоъро тарбия дода, барои ҳимояи модар-ватан, хоҳарону додарон, дӯстон ва дигар шахсони мӯҳтоҷ раҳнамо мешаванд.

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор ба ҳар ҷавони синни даъватӣ маҳсуб меёбад. Ифтихор аз он бояд кард, ки ватани мо соҳиби Артиши миллӣ ва қодир аст дар он ҷавонони бонангро аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват, аз ҷиҳати сиёсӣ пухтаву зирак мегардонад. Ду сол хизмат дар Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати зиндагии осоиштаи хонадони ҳар хизматчӣ, орому осоиштагии кишвар ва ояндаи дурахшони кӯдакону ҷавонон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишварамон эътимоди комил доранд, умед бар он мебанданд, ки бо ақлу заковат, тани пурқуввату ғурури миллиашон ояндаи ватанро мунаввар месозанд. Илова бар ин, Пешвои муаззам барои ҷавонон шароити хуб дар таҳсил, Қувваҳои мусаллаҳ, корхонаҳо ва дигар ҷойҳои муҳим фароҳам овардаанд. Месазад чунин ғамхориҳоро қадр ва ҷавобан бо матонату ақли солим ба ватан хизмати содиқона кард.

Чунин ғамхорию дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат, хоса Пешвои миллатро ҷавони бонанги Хуҷандшаҳр Бахтиёр Ёқубов сарфи назар накард. Баръакс, ӯ ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Раҳбари давлат буда, дар қатори дигар ҷавонони баору номус роҳ сӯи Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд гирифт. Бо даъватнома ба ин мақомот ҳозир шуда, худро ба қатори хоҳишмандон номнавис кард. Роҳбарият иқдоми Бахтиёр Ёқубовро шоистаи таҳсин хонда, намуна ба дигар ҷавонон донист.

Бахтиёр Ёқубов соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд аз оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Тавлиди нахустписарро волидайн чанд сол интизор буданд. Падару модар Баротҷон Ёқубов ва Муқаддамхон Нурматова ҳарду омӯзгор буда, фарзандашонро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, иззату эҳтироми калонсолон ва дигар хислатҳои хуби инсонӣ тарбия додаанд. Аз хурдӣ ба ӯ талқин мекарданд, ки хубу аъло хонад, одоби хуб дошта бошад, бо атрофиён, ҳамсабақон, хешу ақрабо хушмуомилагиро пеша намояд. Дар мактаб иззату эҳтироми муаллимонро ба ҷо орад, аз дарси онҳо баҳравар гардад. Бахтиёр Ёқубов баъди хатми Литсейи донишкадаи политехникии ДДТТ ба номи академик М.Осимӣ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон супурд. Онро соли равон бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба итмом расонд.

Аз солҳои мактабхонӣ Бахтиёр Ёқубов фаъолӣ нишон медод. Дар варзиши намуди омехта муваффақ буд, дар мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ иштирок намуда, борҳо ҷойи намоёнро ишғол кардааст. Дар ҳунармандӣ низ худро санҷид, бахташ хандид. Меҳри санъат кайҳо дар дилаш нуҳуфта буд, аз даврони донишҷӯӣ ба Хонаи маданияти №1-уми шаҳри Хуҷанд ҳамчун сарояндаи даста қабул гашт. Дар чорабиниҳои гуногуни шаҳр ва вилоятӣ ҳунарнамоӣ мекард. Зиёда аз се сол дар ин муассисаи фарҳангӣ фаъолият мебарад. Азми худро бобати ба хизмати ҳарбӣ рафтанаш ба роҳбари Хонаи маданияти №1 Азимҷон Аҳроров гуфт. Азимҷон Аҳроров иқдоми ҷавонмардонаи Бахтиёр Ёқубовро дастгирӣ кард, намуна ба дигар ҷавонони синни даъватӣ донист. Ифтихор кард, ки дар дастаи ҳунарии Хонаи маданияти №1-ум чунин ҷавони бонангу номус фаъолият мебарад. ӯро бо тантана ба Комиссариати ҳарбӣ рафтанаш ҳамраҳӣ кард, дар ҳаққаш дуои нек намуд. Ҳамчунин, бобою модаркалонаш, ҳоҷӣ Эҳсонҷон Нурматов ва ҳоҷиоя Марҳабохон Нурматова ба набераи худ дуо доданд, то софдилона дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат ба ҷо орад ва дар қатори дигар аскарони шуҷоъ саломат ва сарбаланд ба хона баргардад.

Дар сӯҳбат Бахтиёр Ёқубов изҳор дошт, ки панҷ рӯз инҷониб дар Комиссариати ҳарбӣ қарор дорад. ӯ иқрор гашт, ки бо хоҳиши худ ва амри дил ба хизмат омадааст, аз иқдоми худ сарфароз аст. Гуфт, ки ҳар ҷавонмардро зарур аст, ки мувофиқи қонун амал кунад, хизмати ватан-модарро ба ҷо орад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба ҷавонон имкон додааст, ки ду сол дар Артиши миллӣ хизматро ба ҷо оранд, ҷасуру нотарс гарданд, дарси мардонагиву ҷасоратро гузаранд. Зеро давлату халқ ба ҷавонони нотарсу далер эҳтиёҷ дорад. Агар Тоҷикистонро ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ гузашта ҳимоя намоянд, яқин, ягон душман ба кишвар даромада наметавонад. Тоҷикистон бояд Артиши миллии пурқувват ва боматонат дошта бошад ва дар ин қатор мо, ҷавонон бояд қарор дошта бошем, суханашро ба итмом расонд Бахтиёр Ёқубов.

Волидайни ин ҷавони бонанг аз иқдоми писарашон хурсанд ҳастанд. Маълум сохтанд, ки Бахтиёр Ёқубов аз хурдӣ ба хизмат рафтанро орзу мекард. Зеро ҳимояи оила, хешу ақрабо ва зодгоҳу ватани хешро вазифаи ҷонӣ мешуморид. Ба волидайни ҷавонон маслиҳат доданд, ки барои хизмат кардани писарони худ раҳнамо шаванд, то онҳо дарси мардонагӣ гузашта, Тоҷикистони азизро муҳофиз бошанд.

Таҳмина АЮБОВА,
«Тирози ҷаҳон»