(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машварати васеъи корӣ бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, нозироти андоз, раёсатҳои молияву омори шаҳр ва бахши хусусӣ доир гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода машваратро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки ҷаласаи мазкур дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноати ҷумҳурӣ баргузоргардида, ки дар он таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахши саноат, баррасии масъалаҳои ҳалталаби соҳа, дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои навтарин, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат кардан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати мамлакат баррасӣ қарор гирифтанд ва ҳамзамон дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат мегирад.

Сипас, намояндаи ширкати «Агро-мол»-и ҷумҳурии Озорбойҷон Мӯсо Сулаймонов баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар пояи сиёсати роҳандозишудаи роҳбарияти олии кишварҳои Тоҷикистону Озорбойҷон тамоми заминаҳои ҳуқуқии имконоту василаҳои ҳамкорӣ ба вуҷуд омадааст. Сафари чанде қабл суратгирифтаи роҳбарияти вилояти Суғд ва як гуруҳ раисони шаҳру навоҳии ин вилоят дар ҳамкориҳои минбаъда такони ҷиддӣ бахшид. Мо омода ҳастем, ки дар шаҳри Боку Маркази тиҷорати Тоҷикистонро ифтитоҳ намоем. Ҷойи ин марказ аллакай мувофиқа шудааст ва танҳо бо бастани шартнома ва вориди молҳо ба фаъолият оғоз менамоем.

Мавсуф зикр дошт, ки Озорбойҷон дар чорроҳаи иқтисодии Аврупо ва Осиё қарор дорад аз ин лиҳоз роҳандозӣ шудани ҳамкорӣ ва муаррифии молу колои Тоҷикистон дар ин масир ба манфиати ин кишвар аст, ки содирот бештар мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз имконот ва василаи ҳамкорӣ изҳори хушнудӣ намуда, аз соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ даъват ба амал овард, ки барои оғози фаъолияти пурсамар саъю талош варзанд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ соҳаи иқтисодиёт ва саноати шаҳрро таҳлил намуда, аз сарварони корхонаву муассисаҳои дахлдор пурсиш ба амал оварда, бобати таҳким бахшидани фаъолият дар самти саноатикунонии босуръати шаҳр, дастгирии бахши хусусӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъмини саривақтии сифатноки нақшаи воридоти андозҳо ба буҷет, инчунин суръат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар анҷоми мулоқот таъкид гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намудем. Татбиқи ин вазифаи муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд