(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дирӯз марги бемаҳал инсони хоксору меҳнатдўст, яке аз шахсиятҳои соҳибноме, ки дар ободониву бунёдкории шаҳрамон бо ҳунар ва истеъдоди нотакрораш ва маданияти баландаш саҳми арзанда гузоштааст, Фахриддин Умаровро аз байни мо рабуд.

Ба ин муносибат дар манзили шодравон маросими видоъ баргузор гардид.

Аюбҷон Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи тасаллияти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо андўҳи гарон ин хабари пурсўзро расонида, хизматҳои арзандаи ин фарди некномро бо ифтихор зикр менамояд.

Марҳум инсони соҳибмаърифат, ботамкин, қавиирода буд, дар вазифаҳои бар дўш доштааш ҳамеша масъулияти баланд ҳис намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамуд. Меҳнатҳои Фахриддин Умаров бо чандин ифтихорномаву сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нисбати марги бемаҳали Фахриддин Умаров ба аҳли оила ва хешону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованди муттаол барояшон сабри ҷамил хоҳон аст".

Ҷоиз ба зикр аст, ки Фахриддин Умаров 5-уми августи соли 1963 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи Киров дохил шуда, онро соли 1985 бо ихтисоси омўзгори расм, нақша ва таълими меҳнат хатм намудааст.

Марҳум фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ҳамчун омўзгори мактаби миёнаи №44 ноҳияи Қубодиёни вилояти Қўрғонтеппа (ҳозира вилояти Хатлон) оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла солҳои 1986-1987 устои комбинати шоҳибофии шаҳри Хуҷанд, солҳои 1987-2000 молшиноси Вазорати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2004-2006 устои ҶДММ «Илҳом»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2014-2016 роҳбари ҶДММ «Меъмор АРТ» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, аз соли 2016 то соли 2019 ҳамчун сармутахассиси шўъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор карда буд.

Баъдан бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 5 августи соли 2019 раиси маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, ки номбурда дар ҳамин маҳалла иқомат дошт ва яке аз фаъолони маҳалла ба ҳисоб мерафт, таъин гардид.

Номи Фахриддин Умаров ҳамчун инсони комил ва мутахассиси пешсаф, дар қалби ҳар яки мо ҷовидон боқӣ мемонад.

Инсоне дигар дар байни мо нест, ки ҳаёти худро барои пешрафту ободонии шаҳри азизамон бедареғ сарф намудааст.

Ҷоятон аз ҷаннатулмаъво бод!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд