(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар муассисаи таьлимии томактабии №24-и шаҳри Хуҷанд бо тарбиятгирандагон машғулиятҳои кушод аз омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид.

Машғулияти омӯзиши забони русӣ аз ҷониби мураббияи кӯдакистони мазкур Зуҳро Бобоева ташкил ва гузаронида шуд. Мавзуъ «Нон ба ҳар сари инсон» ном дошта, дар бораи қадру қимати нон, эҳтироми он, тарзи омода ва парвариши маҳсулоти нонӣ, заҳмати деҳқон, мавсими ҳосил ва ғайраҳо тарбиятгирандагони кӯдакистон саҳначаҳои ҷолиб ва шеъру гуфтор ва сурудҳо баён намуданд.

Аз ҷониби тарбиятгирандагони гуруҳи калони мактабии кӯдакистони мазкур зимни баргузории дарси кушоди омӯзиши забони англисӣ таҳти роҳбарии мураббия Мастура Саидова дар мавзуъи «Ҳайвонҳои ваҳшӣ» машғулияти ҷолибе пешниҳод карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки машғулиятҳои мазкур дар ҷодаи татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забнҳои русию англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 роҳандозӣ карда шуд.

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба сифати баргузории машғулиятҳо баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр доштанд, ки баҳри рушди забондонии кӯдакон чунин машғулиятҳои кушод минбаъд низ дар мавзуъҳои мухталиф ташкил ва гузаронида шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд