(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таъсиси грантҳо барои дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ.Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», муофиқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, бобати дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз санаи 07 апрели соли равон № 161 дар бораи таъсиси грантҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ барои соли 2014 ба имзо расид. Маблағи умумии грантҳо 55 ҳазор сомонӣ буда, 5 грант ҳар яке 5000, сомонӣ барои рушди ҳунари дастии қолинбофӣ, 5 грант ҳар яке аз 3000 сомонӣ, барои рушди ҳунари сӯзанидӯзӣ ва 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ, барои рушди ҳунари адрасбофӣ таъсис дода шуд.
Барои иштирок дар озмун танҳо он занҳои ҳунарманд ва соҳибкор шахсони алоҳидаи воқеии шаҳр иҷозат дода мешаванд, ки фаъолияташон ба дастгирии рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ нигаронида шудааст.
Муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳаи барнома на камтар аз 6 моҳ муқаррар карда шудааст.
Ҳайати комиссияи грантӣ аз 10 нафар иборат буда, қарорҳои қабулнамудаи он тавассути васоити ахбори омма иттилоъ дода мешавад.