(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар шаҳри Хуҷанд семинар - тренинги «Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ташкил ва гузаронида шуд.

Корманди Раёсати хифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар мавзўи «Таърихи қабулшавӣ ва принсипҳои асосии Конвенсияи Орхус”, “Дастрасӣ ба иттилооти экологӣ”, “Иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо”, “Дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист”, “Кори Марказҳои Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Мавқеи тарбияи ва маърифати экологии аҳолӣ дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромаду презентатсияҳоро пешкаши иштирокчиён гардид.

Дар сессияи дуюм пешниҳод ва таклифи иштирокчиён оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, музокираи умумӣ оид ба пурзӯр намудани ҳамкории тарафайн оид ба татбиқи Конвенсияи Орхус ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ба амал омад.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии солона ба Маҷлиси Олӣ баён гардиданд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.04.2015, №178 ва Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар соли равон баргузории як қатор чорабиниҳои экологӣ пешбинӣ гардидааст.

Бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе, тадбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ» аз моҳи июн то моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда, амалӣ гардида истодааст.

Раёсати хифзи муҳити зисти вилоят якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар муҳлати муайянгардида, чор семинар - тренинги якрўзаи минтақавиро баргузор намуд.

Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои минтақавӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти вилоятию маҳаллӣ – Раёсати хифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, бо ҷалби намояндагони сохторҳои МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо, аъзоёни Комиссияи байниидоравии маҳаллӣ оид ба маърифати экологӣ, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, расони маҳалла, намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор, ҳамчунин бо ҷалби хонандагони 3 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд пешбинӣ гардида, баргузор гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тадбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва иҷрои талаботи Конвенсияи Орхус мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд