(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машғулиятҳои курси 3-моҳаи “Зан-сарвар” ҷиҳати омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда оғоз гардид.

Дар курси мазкур шунавандагон аз ҳисоби занону духтарони болаёқат ҷалб гардида, машғулиятҳо дар як ҳафта як маротиба рўзи панҷшанбе сурат гирифта, аз тарафи устодону профессорони донишгоҳҳои олӣ, ҳуқуқшиносон, наттоққон, бонувони барӯманди дар вазифаҳои давлатӣ фаъолиятнамуда ва равоншиносон машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Ба курси номбурда ҷавонони то синни 20- 30 сола ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар фарҷоми барнома шунавандагон соҳиби “Гувоҳнома” мегардаанд.

Дар машғулияти нахустин мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва Арбоби давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова баромад намуда ба шунавандагон оид ба мақоми зан дар ҷомеъа андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳояшон масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳоро ба миён мегузоранд, ки мояи сарафрозии мо, занон аст. Мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки дар чунин давлати орому осудаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем ва чунин Сарвари мушфиқу ғамхор дорем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд