(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо устодону омўзгорон ва донишҷўёни муассиса мулоқоти васеъ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, тарғиби фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир гардид.

Дар оғоз мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ доир ба вазъи ҷаҳони муосир ва гаравидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маърўза намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки ҷавонон бояд ҳушёрии зиракиро аз даст надода, фирефтаи доми гурўҳҳои ғаразнок нашаванд, зеро ин гуна гуруҳҳои миллатфурӯш бо боварӣ ба хоҷагони худ аз хориҷи кишвар истода, ҷиҳати ноором намудани вазъи сиёсии кишвар сангпартоӣ мекунанд. Ҷавонон Давлату миллат ва сарзамини хешро самимона дӯст доранд. Ва баҳри ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошанд. Танҳо мо Ватану хоки муқаддаси хешро ҳимоят карда метавонем, набояд ба бегонагон ин рисолати муҳим ва қарзи шаҳрвандиро бовар намоем.

Мавсуф иброз намуд, ки имрўз дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ва сулҳу осоиштагӣ ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Аз ин рў, ҳамаи мо бояд шукронаи тинҷиву оромӣ намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон ва риояи қонунҳои миллӣ, инчунин баланд бардоштани маданияти оиладорӣ ва шаҳрдорӣ, тарбияи дурусти фарзандон чораҳои муассир андешем.

Дар идомаи ҷаласа раиси Шўрои ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Хуҷанд Муқимҷон Қобилов баромад намуда, қайд кард, ки алҳол дар шаҳр тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.09.19 №1353 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” маъракаи даъвати тирамоҳонаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, алҳол муташаккилона идома дорад.

Номбурда аз хизмати худ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Артиши Шўравӣ дар хоки Афғонистон ёдовар шуда, иброз намуд, ки он вақтҳо ҳамаи мо низ ҷавон будем ва ягон нафар аз ҷавонони он давр аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намекарданд ва омода буданд, ки ба кадом давлате набошад қарзи шаҳрвандии худро адо намоянд.

Дар мулоқот инчунин раиси иттифоқи барқароркунандагони сохти конститутсионӣ Фахриддин Ахмедов ва полковники собиқадори ВКД Авазхон Қурбонов маърўза намуда, ҷавононро даъват намуданд, ки барои ҳимояи марзу буми Ватани худ омода бошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд