(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии аз бемории вируси норасоии масъунияти одам бо иштироки мутахасисони соҳа, намояндаи прокуратураи шаҳри Хуҷанд ва роҳбарону кормандони масъули кошонаҳои ҳусн мулоқот баргузор гардид.

Султон Раҳмонзода, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки агар бемории вируси норасоии масъунияти одам аз замони пайдоиш дар як муддати начандон тулонӣ дар ҷаҳон доман паҳн намуд, вале аввалин нафари гирифтор ба ин намуди беморӣ дар Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шуд ва имрӯз ҳеҷ кишваре ё ҷамъияте нест, ки аз ин бемории хатарнок дар амон монда бошад.

Гарчанде пайдоиши вируси норасоии масъунияти одам дар Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале ин маризӣ ё худ ин вабои замон дар ин муддати начандон тулонӣ, яъне то ба имрӯз ҳазорҳо нафарро сироят намудаву садҳо нафарро қурбон сохтааст.

Сипас,мутахассисони соҳаи эпидемологӣ баромад намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки дар самти пешгирии ин беморӣ Ҳукумати мамлакат чандин барномаҳоро ба тасвиб расонидааст. Аз ҷумла, «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»-ро ба тасвиб расонд. Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масъунияти одам барои солҳои 2017-2020» аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин агентиҳои СММ, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахсони бо вируси норасоии масъунияти одам зиндагикунанда, сохтори хусусӣ ва ғайраҳо таҳия гардидааст. Барнома ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020»-ро инъикос намуда, чораҳоро баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО дар бар мегирад.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки ҳадафи ҳамагон таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО ба шумор меравад.

Кошонаҳои ҳусн зимни фаъолият ва хизматрасонӣ ба мардум саломатии эшонро ба маҳаки асосии фаъолияти худ қарор диҳанд. Зеро хатари аз як нафари бемор ба садҳо мизоҷон гузаштани чунин вируси норасоии масъунияти одам зимни риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ амалӣ шуданаш мумкин аст.

Сулҳиддин Ғоибзода ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки баъди тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ нисбат ба шахсоне, ки нафари дигарро мубталои сирояти Вируси норасоии масунияти одам мекунанд, пурзӯр карда шуд. Маврид зикр аст, ки мувофиқи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки бо роҳҳои гуногун нафари дигарро ба бемори ВИЧ/СПИД гирифтор мекунанд, ба муҳлати аз 2 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Таъкид гардид, ки ин беморӣ гарчанде табобатнашаванда ҳам бошад, аммо идорашаванда аст. Яъне, шахси сироятёфта метавонад бо истифода аз дорувориҳои ретровирусӣ сатҳи вирусро дар бадани худ кам кунад. Дар ин сурат шахс масунияти бадани худро бақувват нигоҳ дошта, имконият пайдо мекунад, ки солҳои зиёд ҳамчун шахси солим ва аз нигоҳи эпидемиологӣ бе хатар дар ҷомеа кору фаъолияташро идома диҳад.

Мулоқот дар фазои озод ва бо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд