(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд аз 2 то 5 октябр мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардид ва ғолибонаш муайян шуданд.

Дар ин мусобиқаи муҳташам беш аз 250 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо ширкат варзиданд. Дар рӯзи ниҳоии ин мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -90, -100 ва +100 кг баргузор шуданд. Дар даври ниҳоии вазни -90 кг ду паҳлавони шинохтаи тоҷик- Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷамол Алимардонов вориди майдони рақобат шуданд, ки дар натиҷа Комроншоҳи Устопириён пирӯз шуда, сазовори медали тилло гардид. Ҷои дуюм ва медали нуқра насиби варзишгари дигар тоҷик Саидҷамол Алимардонов шуд. Медалҳои биринҷии ин вазнро Темур Маҳмадов аз Тоҷикистон ва Достон Малиев аз Ӯзбекистон ба даст оварданд.

Ба даври ниҳоии вазни то 100 кг ду варзишгари шинохтаи ӯзбекистонӣ – Соҳиб Қурбонов ва Акмалмурод Худойбердиев роҳ ёфтанд, ки дар охир дар ин вазн Соҳиб Қурбонов ғолиб омада, соҳиби нишони тиллои ин мусобиқа гардид. Медали нуқраи ин вазн ба Акмалмурод Худойбердиев дода шуд. Медалҳои биринҷиро паҳлавонони тоҷик Шарифҷон Назриев ва Фарёд Шайхов ба даст оварданд.

Дар вазни +100 кг дар вохӯрии ниҳоӣ паҳлавони шинохтаи тоҷик, ғолиби чандин мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ Шакармамад Мирмамадов бар ҳарифи худ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Хайдок Тураев ғолиб баромада, чемпиони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар соли 2019 гардид.

Варзишгари ӯзбек Хайдок Тураев соҳиби ҷои дуюм ва медали нуқра гардид. Нишонҳои биринҷиро дар ин вазн Одил Сафаров ва Нурулло Неъматов соҳиб шуданд.

Хотиррасон мекунем, ки ғолибони ҷои якум бо 10 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм бо 5 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм бо 2,6 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ғолибони 7-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон:

-66кг

Азамат Матяқубов (Ӯзбекистон)

Ёқубчон Боқиев (Тоҷикистон)

Раҳматулло Сатторов (Тоҷикистон)

Ориф Додов (Тоҷикистон)


-73кг

Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)

Комронбек Олтибоев (Ӯзбекистон)

Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон)

Шоҳрӯз Бердиев (Ӯзбекистон)


-90кг

Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон)

Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон)

Темур Маҳмадов (Тоҷикистон)

Достон Малиев (Ӯзбекистон)


-100 кг 

Соҳиб Қурбонов (Ӯзбекистон)

Акмалмурод Худойбердиев (Ӯзбекистон)

Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)

Фарёд Шайхов (Тоҷикистон)


+100 кг

Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)

Хайдок Тураев (Ӯзбекистон)

Нурулло Неъматов (Тоҷикистон)

Одил Сафаров (Тоҷикистон)

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд