(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳокӣ бо ташаббуси Кумитаи иттифоқҳои касабаи омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чорабинӣ таҳти унвони «Бе мураббӣ зери гардун натвон шудан…» баргузор гардид.

Аз тарафи донишҷӯён шеъру суруд ва таронаву гуфторҳои ҷолиб дар васфи омӯзгор ироа гардид. Маърӯзаи пурмуҳтавое дар бораи рушди соҳаи маориф ва нақши муаллим дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ба ҳозирин пешниҳод карда шуд.

Таъкид гардид, ки рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инкишофу пешрафти мактабу маориф ва илмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян намуда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар, такмили доираи моддӣ-техникии муассисаҳои маориф пайваста ғамхорӣ менамоянд. Муаллим, омӯзгор — вожаҳое, ки барои ҳар нафар ошною муқаддасанд. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад.

Муниса Умарова, раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳокӣ омӯзгоронро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор доимо таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамоянд, зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Самаранок ба роҳ мондани кори таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.

Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд.

Сипас, як қатор озмунҳо, ки бахшида ба Рӯзи омӯзгорон эълон гардида буд, натиҷагирӣ ва ғолибон қадршиносӣ шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд