(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Озодхон Давлатшоев, директори генералии ҶСП «Индиго Тоҷикистон» дар як нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон доир ба амалисозии лоиҳаи ширкат оид ба навсозӣ ва васеъкунии шабака, таъмини муштариёни вилояти Суғд бо алоқаи баландсифат ва дастрасии босуръат ба шабакаи Интернет, аз ҷумла Интернети ноқилӣ иттилоъ дод.

Озодхон Давлатшоев гуфт, ки аз моҳи июли соли 2019 аз ҷониби мутахассисони техникии ширкат корҳои фарогир оид ба навсозӣ ва беҳтарсозии шабака дар истгоҳҳои базавии шаҳрҳои: Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, инчунин ноҳияҳои: Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ, Ашт ва Деваштич иҷро шуданд. Ҳамчун пешсаф аз рӯи шумораи таҷҳизоти 4G (LTE) дар вилоят, ширкат на танҳо истгоҳҳои нав ва иловагии навъи 4G(LTE)-ро муҷаҳҳаз намуд ва бо ин шумораи онҳоро дучанд кард, балки корҳои назаррасро оид ба васеъкунии ғунҷоиши шабакаҳои мавҷудаи навъи 2G ва 3G-ро дар марзи зиёда аз 60% ҳудуди аҳолинишини вилоят ба итмом расонид.

Таъкид шуд, ки дар шаҳру навоҳии Ашт, Ҷаббор Расулов, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Мастчоҳ ва Спитамен нахустин бор истгоҳҳои базавии навъи «LTE 1800 МГц, Band3» муҷаҳҳаз гардид, ки диапазони он ба муштариён имконияти дастрасиро ба Интернет бо суръати то 45Мбит/сония медиҳад. Диапазони мазкур пеш аз ҳама барои пешниҳодот ба шумораи калони таҷҳизоти замонавӣ интихоб шудааст, ки байни смартфонҳо нисбатан дастгирии хуб дорад. Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи зикршуда танҳо дар шаҳри Хуҷанд 80% истгоҳҳои базавии навъи 2G ва 51% истгоҳҳои базавии навъи 3G навсозӣ шуда, ғунҷоишашон катъан васеъ гардид. Иловатан дар Хуҷанд 5 истгоҳи базавии нави навъи «LTE» муҷаҳҳаз карда шуд, ки барои бартарафкунии сарбории шабака равона шудааст. Дар ин замина, марҳила ба марҳила таъминкуни ҳамаи шаҳру навоҳии калонтарини вилояти Суғд бо истгоҳҳои «4G» (LTE) идома дорад. Ҳамаи ин гуфтаҳо далели он аст, ки «Tcell» дар пешкаш намудани хизматрасониҳои «4G» дар вилояти Суғд пешсаф аст. Бо ба кор андохтани шабакаҳои «LTE» суръати пайвастшавии мобилии «Tcell» нисбатан (аз 3 то 5 бор) зиёд мегардад. Дар баробари корҳои беҳтарсозии шабака, ширкат опсияҳои тарофавии нави «+»-ро бо дастрасии бемаҳдуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳоро барои мушатриёнаш бо тарофаи «Даркор» ворид намуда, муоширатро дар Интернет боз ҳам дастрас гардонид.

Озодхон Давлатшоев, директори генералии ҶСП «Индиго Тоҷикистон» зикр дошт, ки ширкат ба васеъ намудани шабакаи марказҳои хизматрасонӣ низ таваҷҷӯҳи махсус медиҳад. Аз оғози соли 2019 дар саросари вилоят зиёда аз 20 маркази хизматрасонӣ ба кор шурӯъ намуд, ки дар онҳо муштариён метавонанд, ба шабака пайваст шаванд, ҳисоби хешро пурра намоянд ва маълумоти лозимаро оид ба тарофа ва хизматрасониҳои амалкунандаи ширкат гиранд. Дар маҷмӯъ, айни ҳол дар вилоят тақрибан 100 марказ ба муштариёни “Tсell” феҳрасти пурраи хизматрасониро пешкаш менамояд. Бо назардошти он, ки соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, имрӯз аллакай 2 маркази ширкат барои хизматрасонӣ намудан ба сайёҳон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла Саразми шаҳри Панҷакент ва Қӯштегирмони ноҳияи Спитамен бо давлатҳои ҳамсоя фаъолият намуда истодааст.

Ҷоизи зикр аст, ки корҳо оид ба васеъкунӣ ва навсозии шабакаи «Tcell» инчунин дар дигар шаҳру навоҳии вилоят гузаронида шуданд.

Мутахассисони ширкат фаъолиятро оид ба рушди шабака, воридкунии технологиҳои нав, навсозии таҷҳизоти мавҷуда ва ҳамчунин корҳоро оид ба васеъкунии минтақаии фарогирии шабакаи «Тcell» давом дода истодаанд.

Рӯзноманигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҷабҳаҳои гуногуни ширкати Тселл саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд