(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дастгирии занони ҳунарманд аз ҷониби Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба 40 нафар бонувон гранти Раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Маъруф Муҳаммадзода дар маросими супоридани Грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан-модар мавқеи баландро соҳиб гашта, имрўз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати худро бобати дар рўҳияи баланди ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд.

Бо дастгирии Роҳбари Давлат барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ якчанд амру фармон ва барномаҳо ба тасвиб расидаанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробар-ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали-гардонии онҳо», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» гувоҳи ин гуфтаҳост, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ва аз ҷумла, дар шаҳр ягон корхонаву ташкилот, муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро бидуни фаъолияти занон тасаввур кардан имконнопазир аст.

Таъкид гардид, ки имрўз занони тоҷик олиму омўзгор, духтуру сиёсатмадор, соҳибкору ҳунарманд, варзишгару рўзноманигор ва қариб дар ҳама касбу кор пешсафу саҳмгузоранд. Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрўзаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти назари махсуси Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дода шуда, дар ин самт таъсис дода шудани Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ 2 нафар занҳои ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти Президентӣ ва 5 нафар занони ҳунарманди шаҳр барои гирифтани гранти Раиси вилоят сазовор гаштанд.

Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода шуда, соли ҷорӣ низ қарори Раиси шаҳр аз 7 июни соли 2019, №415 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр” ба тасвиб расида, 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, аз чумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ гардиданд. Дар байни ғолибони озмуни Гранти Раиси шаҳр занҳои кордон ва ҳунарманде ҳастанд, ки аллакай дар ин ҷода дастоварду муваффақиятҳо дошта, ният доранд, бо истифода аз маблағи Грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 5 то 20 нафар занону духтаронро ҳунар омўзонанд.

Таъкид шуд, ки Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири вусъат бахшидан ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ дастур доданд ва соҳибкорони хушзавқи вилоят ва шаҳр аввалин шуда, бо ҷонибдорӣ аз ин ҳидояти Сарвари давлат ба ҷорӣ намудани қолинбофии хонагӣ, эҳёи ҳунарҳои миллии сўзанидўзиву адрасбофӣ иқдом намуданд. Бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва касбӣ низ эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, курсҳои махсуси ҳунаромўзӣ, бахусус барои духтарон ба роҳ монда шудааст.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки занону бонувони соҳибкору меҳнатқарини шаҳр бо саъю талоши комили хеш дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, таъмин намудани занону духтарон бо ҷойҳои сазовори корӣ ва таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дўстиву рафоқат ва ватанпарастӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Сипас аз ҷониби шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода дар лаҳзаи мутантан ба ғолибони озмун Грантҳои Раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд