(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тибқи нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 26 сентябри соли ҷорӣ дар толори таваллудхонаи вилоятӣ мулоқоти васеъ бо табибону кормандони муассисаи мазкур 

доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрдорӣ, пешгирии барҳамхўрии оилаҳо ва ҷиноятсодиркунии занон, тарғиби либоспўшии миллӣ, саҳм гузоштани сокинон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», №766 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва дастовардҳои Истиқлолият дар тўли 28-соли соҳибихтиёрӣ баргузор гашт.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ, сартабиби таваллудхонаи вилоятӣ Шоира Бузрукова, мудири шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳр Хуршеда Хоҷазода ва устоди ДДҲБСТ М. Салимова М доир ба масъалаҳои болозикр баромад намуда, баҳри пуштибонӣ намудан аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, саҳм гузоштан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ шаҳрвандонро даъват намуданд.

Таъкид гардид, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Аз ин рў, бояд ҳамаи мо шукронаи давлату Ҳукумати кишварро карда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон ва риояи қонунҳои миллӣ, инчунин баланд бардоштани маданияти оиладорӣ ва шаҳрдорӣ, тарбияи дурусти фарзандон чораҳои муассир андешем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд