(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасб, тайёр кардани кадрҳои илмии педагогӣ, таблиғи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, анҷоми корҳои босамари илмӣ-тадқиқотӣ ва таълифи рисолаҳои пурмӯҳтаво устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи ордени Шараф дараҷаи 2 Саидмурод Ҳоҷиев бо унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» сарфароз гардонида шуд.

Дар маҷлиси тантанавии Рӯзи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Саидмурод Ҳоҷиев унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд тақдим карда гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд