(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва мусоидати ширкати мобилии ТСЕЛ Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова шоми гузашта бо сурудҳои шӯху ҷаззоб ва маъруфи худ сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи шаҳр табрику таҳният гуфт.

Ҳунарпеша Юлдуз Усмонова зимни табрикоти худ ба унвони Рӯзи шаҳри Хуҷанд аз ҷумла таъкид дошт, ки “Агар 50 сол инҷониб дар саҳна бошам, шаҳри Хуҷандро низ ним аср инҷониб мешиносам. Ба фарҳанг ва маданияти хуҷандиён қоилам. Ин шаҳри зебои соҳили дарёи Сир бо таърихи пурғановат ва фарҳанги бебаҳояш маро мафтун намудааст”.

Юлдуз Усмонова аз мардуми шаҳри Хуҷанд даъват ба амал овард, ки шаҳру ватани азизи хешро дӯст доред ва дар ҳама ҷо ифтихор намоед.

Ватану падару модарро интихоб карда намешавад. Аз ин лиҳоз, дар рушду хуррамии кишваратон шахсан ва амалан саҳмгузорӣ намоед.

Юлдуз Усмонова таъкид дошт, ки мардуми Тоҷикистон мазмуну моҳияти сулҳу Ваҳдатро нисбат ба сокинони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар дарк мекунанд. Зеро дар ин самт таҷрибаи хеле бой ва омӯзанда доранд. Тоҷикон мардуми таҳаммулпазир, меҳнатқарин ва ободкор мебошанд.

Дар охири ҳунарнамоии худ ин сарояндаи ӯзбекистонӣ таманно намуд, ки ҳама рӯзатон чун имрӯз шодиву нишот ва тӯйю сур бошад.

Сурудҳои ҷаззоби Юлдуз Усмоноваро беш аз 20 ҳазор нафар иштирокдорони тантанаи идонаи Рӯзи шаҳр бо меҳру муҳаббати самимӣ тамошо ва рақсу бозӣ намуданд.

Худи Юлдуз Усмонова низ ба завқ омада, бо чанд нафар иштирокдорони чорабинӣ рақсҳои мавзун намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд