(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Музаффар Юнусов, собиқадори соҳаи меъморӣ, ки солҳои зиёд дар рушди шаҳрсозӣ саҳми муносиб гузоштаанд, бо унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.

Дар маҷлиси тантанавии Рӯзи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Музаффар Юнусов унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Музаффар Юнусов солҳои зиёд ба ҳайси саръмеъмори шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд ва муддате дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба сохтмон ифои вазифа намудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд