(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар МТМУ №9 чорабинии илмӣ-тарбиявӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо маърӯзаҳои илмӣ ва шеъру суруд дар бораи таърих, фарҳанг ва бузургони шаҳри Хуҷанд маълумот дода, аз ҷумла зикр доштанд, ки Хуҷанд дар саргаҳи Шоҳроҳи абрешимӣ дар Мовароуннаҳр ҳамчун маркази иқтисодӣ, ҳарбӣ ва фарҳангу илм рушд кардааст. Роҳи бузурги абрешим ба Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон, Шарқи наздик, Чин ва ҳавзаҳои баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт. Хуҷанд зодгоҳи лашкаркашони сарбаланд, олимони бузург, ситорашиносони маъруф, муаррихони номвар, ҷуғрофидонону риёзидонон, шоирону нависандагон ва навозандагони мумтоз мебошад. Асосгузори мактаби илми нуҷум Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, олим ва орифи ҳақ Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ, шоираи ширинадо Маҳастии Хуҷандӣ, бузургони Оли Хуҷанд, қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ғазалсарои беҳамтои адабиёти форсу тоҷик Камолиддин Масъуд маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, санъаткори беназир Содирхони Ҳофиз, ҷуғрофидон Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ ва садҳои дигар ифтихори миллати тоҷик ҳастанд, ки хуни нофашон дар ин шаҳри бостонӣ рехтааст.

Таъкид гардид, ки шаҳри кўҳантаърихи Хуҷанд дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба яке аз марказҳои эътирофшудаи расидан ба сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва илму фарҳанги кишварамон ба роҳнамоии Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфт.

Президенти мамлакат дар рўзҳои ҷашни иди Наврўзи байналмиллалӣ дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд ба мақоми таърихии шаҳр баҳо дода таъкид намуданд, ки: «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мух- талифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад». Сипас, сурудҳои мавзун ва таронаҳои дилчасп табъи ҳозирнро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд