(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯз дар варзишгоҳи "Спартак"-и шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоии тими футболи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, ДПДТТ ҳарифи худро ба ҳисоби 4 :2 шикаст дода, Ҷоми Раиси шаҳрро соҳиб шуд.

Бозии мазкур бо иштироки зиёди мухлисони ҳарду даста сурат гирифта,вақти муайянгардидаи бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. Вақтҳои иловагӣ низ ғолибро муайян накард. Ҳамин тавр, вақте ки ғолибон муайян нагардиданд, довар силсилазарбаҳои 11 метра таъин намуд.

Бо ворид намудани 4 гол аз тарафи ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба дарвозаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ғолиб муайян гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамагонро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрику таҳният гуфта, ба ғолибони мусобиқа Ҷом ва медалҳоро тақдим кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд