(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардидДар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи хабдахуми Маҷлиси  вакилони халки шахри Хучанд давъати чорум баргузор гардид. Дар он аз 40 нафар вакил 35 нафар иштирок дошт. Дар ичлосия 4 масъала мавриди мухокима карор гирифт. Иҷлосияро Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ бахшида, баъди интихоби котиботи иҷлосия барои тасдиқ қарори Раиси шаҳри Хуҷанд доири таин намудани Умеда Муродова ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, пешниҳод гардид. Бо овоздиҳии якдилона қарори мазкур тасдиқ карда шуд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова аз рӯи масъалаи якум дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ маърӯза намуд. Мавсуф қайд намуд, ки аз оғози сол то имруз дар шаҳри Хуҷанд 8 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки аз он 6 нафарашонро занон ташкил медиханд.

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардидУмеда Муродова таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо иттиходияҳои динӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монда бошад ҳам, омилҳои ба худкушӣ мусоидаткунанда таҳлили ҷиддиро металабад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Ахмадзода аз вазъи ба амал омада изҳори нигаронӣ намуда,аз кормандони дахлдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шӯрои занони маҳалла, раисони маҳалла ва фаъолон даъват намуд, ки нисбати ин муаммо бетараф набошанд. Зеро агар соли 2012ум 32 нафар даст ба худкушӣ зада бошанд, пас дар соли 2013-ум 20 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки танҳо дар се  моҳи соли равон, шумораи онҳо ба 8 нафар расидааст.

Аз рӯи масалаи мазкур вакилони мардумӣ Муяссара Раҳимова, Раъно Хоҷаева ба музокира баромада, вобаста ба ҳалли мушкилот пешниҳоди худро баён намуданд. Бо назардошти пешниҳоди вакилон доири масалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.

Вакилони шахри Хуҷанд тибқи масалаи рӯзномаи иҷлосия Низомномаи комиссияи доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд доири пешгирӣ намудани хушунати оилавиро тасдиқ намуданд.

Баъдан вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии № 34 Мубин Маҳмудов доири фаъолияти вакилии худ ҳисобот дод.

Бо назардошти пешниҳоди сокинони маҳаллаи «Чашма-3» муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова дар бораи номгузорӣ намудани кӯчаҳои маҳаллаи мазкур пешниҳоди комиссияи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофиро ба самъи ҳозирон расонд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ гардид.

Бо ҳамин кори иҷлосияи ҳабдаҳум, даъвати ҷахоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом дод.