(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баҳри амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ тадбирҳои муҳим андешида мешавад, ки яке аз онҳо фаъолияти муваффақонаи таҳсилоти фосилавӣ дар донишкада мебошад.

Тавре, ки аз Маркази таҳсилоти фосилавии ДПДТТ ба мо иттилоъ доданд, таҳсилоти фосилавӣ ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки дар вақти муносиб, ҷои муносиб ва бо суръати бароҳат машғули донишандӯзӣ шавад, барои омӯзиши фан фосилаи муносиби вақтро ҷудо кунад, бидуни тарки ҷои корӣ якҷоя бо фаъолияти касбӣ таҳсил кунад, бо воситаи шабакаи алоқа бо омӯзгорон ва ҳамсабақони худ ҳамеша дар муошират бошад, хароҷотро аз ҳисоби маблағи таҳсил кам кунад, аз навтарин дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки дар пешрафти инсоният дар фазои иттилоотии ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, бархурдор гардад ва ғайра. Пас, дар таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯ дар хона истода ё аз ҷои кории худ дур нашуда, бо воситаи интернет маводи таълимиро аз устод гирифта, аз худ намуда, вазифаи иҷрокардаашро ба устодаш роҳӣ мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки таҳсилоти фосилавӣ барои шахсоне, ки имконияти таҳсилро дар шакли рӯзонаи таҳсил надоранд; бе тарки ҷои корӣ таҳсилро давом додан мехоҳанд; шахсони фаъолияти ҷисмониашон маҳдуд, модарони ҷавон, соҳибхоназанҳо, ки имконияти аз хона баромадан надоранд ва ғайраҳо таълимро имконпазир мегардонад. Боз яке аз бартариҳои таҳсили фосилавӣ дар он аст, ки маблағи таҳсил аз маблағи таҳсили рӯзона фарқ мекунад, вале дипломи “фосилавӣ” аз муқаррарӣ ягон фарқият надорад. Муҳлати таҳсил 4 сол аст.

Ин манбаъ афзуд, ки алҳол дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад. Донишкада иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташкили омӯзиши фосилавӣ ба ихтисосҳои зерин дорад:

1. 1-400102 Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт,

2. 1-250104 Молия ва қарз,

3. 1-250107 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо

4. 1-44.01.01 Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ

5. 1-43.01.03 Таъмини барқ

Мӯҳлати таҳсил мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 25 феврали соли 2017 4 сола аст. Донишкада санаи 04.01.18 иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ташкили таҳсили фосилавӣ барои ҳамаи ихтисосҳои мавҷудаи зинаи таҳсилот мутахассис муваффақ шудааст.

Соли 2019 аз тарафи вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии “Маркази миллиии патенту иттилоот”барои коркарди якчанд Web-замимаҳои махсуси таҳсилоти фосилавӣ шаҳодатномаҳои зеҳнӣ дода шуд, аз ҷумла:

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ»;

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ-модули супориш»;

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ-модули робита»;

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ-модули пешрафт»;

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ-модули имтиҳон»;

Web-замима «Системаи таҳсилоти фосилавӣ - модули назорати давомот».

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Донишкада таҳсил бо воситаи портали омӯзишӣ-сомонаи www.fosilavi.tj ба роҳ монда шудааст, ки ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. Донишҷӯён бо воситаи интернет ба сомона дохил шуда, аз омӯзгорони фаннии худ маводҳои таълимӣ (барномаи таълимӣ, лексия, презентатсия, видеофрагментҳои дарс ва ғайра) ва вазифаҳояшонро гирифта, аз худ карда, вазифаҳои иҷрошударо ба устодашон мефиристанд. Устодон ҳама вақт дар алоқа буда, оид ба пешравӣ ё ақибмонии донишҷӯён хабар медиҳанд. Барои донишҷӯён пеш аз саршавии дарсҳои низоми фосилавӣ дарсҳои заминагузорӣ ва муқаддимавӣ дар донишкада ташкил карда мешавад. Дар ин дарсҳо донишҷӯ бо сомонаи таҳсилоти фосилавӣ ва тарзи корбарӣ дар он шинос шуда саводнокии компютерии худро баланд мекунад. Маълумоти мухтасарро оид ба фанҳои дар нимсолаи нав омӯзонидашаванда пайдо мекунад.

Барои ташкили муоширати зинда бо омӯзгор дарсҳо тариқи онлайн - ВЕБИНАР омода шудааст. Дар вебинар донишҷӯён дар вақти воқеӣ бо воситаи интернет ба ҳуҷраи виртуалӣ ворид шуда, бевосита бо устод ҳамсӯҳбат гардида, қисмҳои нофаҳмои дарсро пурсон мешаванд. Бояд қайд намуд, ки алҳол дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо низоми таҳсилоти фосилавӣ 253 нафар донишҷӯён муваффақона таҳсил намуда истодаанд. 

Шуъбаи кор
бо ВАО