(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кӯмакпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудБа муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, як қатор собиқадорони меҳнат, ки баҳри рушду пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, бо кӯмакпулии Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми ҳазор сомонӣ қадр карда шуданд. Ин чорабинӣ нахуст дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинов ширкат варзида, туҳфаҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 15 нафар шахсони барӯманд, собиқадорони меҳнат тақдим намуданд. Дар навбати худ собиқадорони меҳнат барои чунин як ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи сарвари давлат арзи миннатдорӣ баён намуда, зикр намуданд, ки ин гуна шахсон ҳамеша таҳти ғамхории пайвастаи давлату ҳукумат қарор доранд.