(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд хизматчиёни қисми низомии «3501»-ро табрик намудИмрӯз бо мақсади табрикоти наврӯзии афсарону сарбозон, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми низомии 3501 ташриф овард. Ба ин муносибат дар саҳни машқгоҳи қисми низомӣ афсарону сарбозон ҷамъ омада буданд. Раиси шаҳри Хуҷанд кулли хизматчиёни ин қисми низомиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуда, хоҳони сарбаландӣ ва хизмати шоистаи онҳо шуд. Роҳбарияти қисми низомӣ дар баромади худ барои ғамхории доимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд арзи сипосмандӣ намуда, қавл доданд, ки барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омодаанд.

Аз ҷониби Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои хизматчиёни ҳарбии ин қисми низомӣ дастурхони наврӯзӣ ороста шуд.