(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдати Раҷаббой Аҳмадзода дар “Иди Наврӯз”Бедории табиат оғози кори деҳқон, ба тан гирифтани куртаи атласи зебои духтари тоҷик, ҳафт сину-ҳафт шин, ва омода намудани суманак ба қадам ниҳодани Наврӯзи ҷаҳонӣ рост меояд, ки дар ин иди бошукуҳ аёдат кардани оилаҳои ниёзманд ва маъюбон сифоти неки инсонӣ аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз сокинони маҳалаҳои “Бофанда” кучаи “Чуқурак” маҳаллаи маҳаллаҳои “Тиллокон” ва “Навбаҳор” ба аёдати оилаҳои ниёзманд рафт. Раҷаббой Аҳмадзод сараввал ба ҳолу аҳволи онҳо таваҷҷӯҳ намуда, ба ҳамаи онҳо табрикоти нарузии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро расонида дар гузаронидани иди наврӯз ба ҳамаи онҳо бурдборӣ ва рузгори ободро таманно намуд.

Ба ҳар яки ин оилаи ниёзманд  минҷумла Башорат Мирзохӯҷаева, Урозалӣ Мусоев , Салима Отакаримова, Комил Обидҷонов ва чанде дигарон кумаки хони наврузӣ бо маводи озуқавори барои хушу хурсандона гузаронидани иди наврӯз супорида шуд.

Санавбар Маҳмудова аз маҳаллаи “Бофанда”, Шарифҷон Аҳмадов, аз маҳаллаи “Чуқурак” ба Президенти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд изҳори миннатдорӣ намуданд,ки шукронаи истиқлолият шукронаи тинҷиву амонӣ, ки дар ватани обод зиндагонӣ мекунему, зисту зиндагонии мо аз мадди назари роҳбарияти давлату ҳукумати маҳал дур нест.

Расондани кӯмаки идона аз ҷониби дигар корхонаю муассисаҳо ба шахсони ниёзманд идома дорад.